
Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро барои пешрафти шаҳр ва ҳамчунин доир ба сохтани иншооти ғайриқонунӣ, ҳодисаҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, расонидани зарари молиявӣ ба ашёи ҷамъиятиву давлатӣ, шикастани гулу дарахтон, ки дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби ашхоси бемаданият рух медиҳанд ба василаи сурат, паёмак ва наворҳои видеоӣ тариқи шабакаи Viber, WhatsApp ва Telegram бо рақами +992300000018 ба роҳбарияти шаҳр ирсол намоянд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт баррасӣ гардида, муроҷиатҳо ва маълумотҳои шаҳрвандоне, ки барои пешгирии ҷиноятҳо ва вайронкориҳо мусоидат менамоянд бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Шахсияти шахсони муроҷиаткунанда маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.






Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
3 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Темурмалик" шинос гардид.
Ҳамватанони азиз!














