
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон” имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023;
Мақолаҳои боқимонда...
- ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ, ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
- Баргузории марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии оид ба намуди шоҳмот байни мардону бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ 150 НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН






2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.
Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохурии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.
















