Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад, тамоми мардуми шарифи шаҳрамонро ба муносибати бисту панҷумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.






Имрӯз, 23 июни соли 2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистонро табрик намуд.
Имрӯз, 23.06.2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати миллии тоҷикон” таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор карда шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ бо маром ҷараён гирифта истодаанд.
Бегоҳии рӯзи 21.06.2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Пайки Ваҳдат" дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон идома ёфта, аз ҷониби соҳаи маориф барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.














