6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Созмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ
- Идомаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон
- ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ОҒОЗ ГАРДИД







6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.
Имрӯз, 04.06.2021 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ чорабинии идона баргузор гардид.















