Имрӯз, 14.06.2022 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр дар асоси амри Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 10-уми майи соли 2022, таҳти №64 ва амри Раиси шаҳри Гулистон Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ “Оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон ва тақлид ба фарҳанги бегона дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо” аз 24-уми майи соли 2022, №64 бо иштироки кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Бахтовар Чумаев мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Раҳматова Ойиниссо мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Ҷабборӣ Гулрабо сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАЪНО ҲОШИМЗОДА ДАР ФОРУМИ «ЗАНОН ВА ОБ» - 2022 ТАҲТИ УНВОНИ «БАРОБАРИИ БОАДОЛАТОНА ВА ФАРОГИР: ОБ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД»
- 5 медали тилло ва 3 медали нуқра дастоварди гулистониён дар даври ниҳоии Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд






Имрӯз, 14.06.2022 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии 45025 – и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” бо иштироки ҳайати таблиғоти Шӯрои вилоятиву шаҳрии Ҳаракат бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 14.06.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҳимов Муҳсин Султоновичро аёдат намуда, ба муносибати 85-солагии ҷашни мавлуд табрику таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки шоёни ифтихор аст, фаъолияти меҳнатии Раҳимов Муҳсин Султонович дар шаҳри Гулистони навбунёд соли 1957 оғоз ёфтааст. Муҳсин Султонович беш аз 40 сол фаъолияти меҳнатии худро дар комбинати қолинбофӣ пурсамар идома дода, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Давлату Ҳукумат меҳнати фидокоронаашро ба назар гирифта, он касро бо мукофоту ифтихорномаҳо, медали «Барои шарафи меҳнатӣ» ва соли 1966 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафманд гардонид.
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум доир гардид
Дар асоси қарори раиси шаҳри Гулистон баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади болидахотирии сокинони шаҳр барпо шуда истодааст. Имруз 11 июни соли 2022 санъаткорон ва ҳунармандони хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон дар боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии худро пешкаши тамошобинон намуданд.















