16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи «Ганҷи деҳа» ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст.
Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа» дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, бо ифтитоҳи корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоиши хуб гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд
- Варзишгарони шаҳри Гулистон дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол бо усули деҳа ба деҳа ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд






16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир шинос шуданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун ба хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир ташриф оварда, аз рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.















