Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамоиши идона таҳти унвони “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем” бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи иштирокчиён расонид. Зикр гардид, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ғолиби фестивал - озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” аз номинатсияи либосҳои кӯдакона
- Номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд






Санаи 1-уми июни соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии кохи "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии шоҳмот байни мардону бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова барои 150 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.
Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо намоиши омода намудаи кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ шинос гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, Соҷида ва Иброҳим Мамадовҳоро, ки ҳарду бемор мебошанд, аёдат кард













