Субҳи имрӯз, 18.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр дарви шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории озмуни мазкурро ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба китобу китобхонӣ фарогирии ҷомеа арзёбӣ намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ғолибони озмун бо омодагии ҷиддӣ дар даврҳои баъдӣ шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Намояндаи бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷӯра Юсуфӣ доир ба роҳандозии озмуни мазкур баёни андеша намуд. Директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев доир ба тарзи баргузории озмун ба иштирокчиён маълумот дод.






14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид.
Ба таваҷҷуҳи довталабони даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 11.04.2022 Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва тибқи ҷадвали баргузории даврҳои шаҳриву ноҳиявӣ даври дуюми озмун санаи 18, 19 ва 20 моҳи ҷорӣ дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр баргузор мегардад.
Санаҳои 14-15-уми майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди варзишӣ каратэи анъанавӣ, бо иштироки варзишгарони 11 кишвар ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Нимаи дуюми имрӯз, 16 майи соли 2022, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ аз иншооти бунёдгардида истода дидан намуд.













