16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.
Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмон бахшида шуд.








16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
Субҳи имрӯз, 15.05.2022 дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.













