Матни равон

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум доир гардидИмрӯз, 13 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ва Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум дар бораи тасдиқ намудани ваколатҳои вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии "Ваҳдат"-10 ва "Навобод"-14 сухан ба раиси комиссияи интихоботии шаҳр Абдуллоев Абдумуталлиб Пулодҷонович дода шуд.

Сипас, муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 №393 “Дар бораи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Раъно Ҳошимзода”-ро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашумро идома дод.

Оид ба рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шањри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҳисобот пешниҳод намуд.

Пулодиён Гулсанам Пулод вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ганҷбахш”, №14 оид Барномаи мазкур ба музокира баромад.

Вобаста ба татбиқи Барномаи мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар самти иҷрои Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, масъалаи ворид намудани тағйирот дар нақшаи манбаҳои алоҳидаи қисми даромади буҷети шаҳр дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарори дахлдори Иҷлосия қабул карда шуд.

Ҳисоботи комиссияи доими Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисоди дар буҷет Мамадҷонов Суҳроб Исмоилович - вакил аз ҳавзаи интихоботии “Айнӣ”, №12 шунида шуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ" №2 Далер Ҳоҷиев оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода оид ба рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масоил ибрози назар намуда, дар ин самт аз масъулини тандурустӣ масъулияти ҷиддиро талаб намуд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Гулистон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, саҳмгузорӣ дар таҷлили бошукӯҳи ҷашни 25- солагии Рўзи Ваҳадти миллӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4918
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12340
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90727
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630572

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?