Имрӯз, 30.05.2022 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори бахши фарҳанги шаҳр конфренсияи илмӣ адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр баргузор карда шуд.
Дар кори конфренсия сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомооти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи Бибиомина Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зик гардид, ки Рӯзи байналмилалии кӯдакон яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул карда шуд. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, вақте ки масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар таъхирнопазир буданд, соли 1949 дар Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни конгресс изҳорот кабул карданд, ки барои таъмини сулҳи пойдор ба хотири таъмини ягона кафолати хушбахтии кӯдакон мубориза баранд, ва худи ҳамон сол, дар сессияи Москвагии Шӯрои Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон ҷашни имрӯза муқаррар карда шуд. Соли 1950, 1 июн аввалин Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор шуд, ки пас аз он ин ид ҳар сол таҷлил карда мешавад. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз Отряди сарҳадии «Ёл» боздид ба амал оварданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддин Шоҳин» боздид намуданд
- Баргузории марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии баскетбол байни наврасону ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон






Санаи 28 майи соли равон дар доираи даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дастаи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвонро ба ҳузур пазируфт.
27 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.













