Таҳти ин унвон, имрӯз 20.05.2022 дар назди майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокдорони чорабинии идонаро ба муносибати таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанўз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.






Имрӯз, 20.05.2022 дар шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир гардид.
Имрӯз, 20 майи соли 2022 Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷамоати шаҳраки Сирдарё аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун шаҳраки дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Таъсисёбии шаҳрак низ ба ташкили экспедитсияҳои гуногуни геологӣ, гидрогеологӣ ва ҷустуҷӯйи иктишофӣ ҳамбастагӣ дошт. Шаҳрак баъди пушти сар намудани зилзилаи шадиди соли 1985 ба мушкилии сахт рӯ ба рӯ шуда, то соли 1985 инфрасохтор ва фонди манзили шаҳрак барқарор карда шуд.
Имрӯз, 19.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.













