Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Қайроққум» таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳо ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.






Рушди соҳаи саноат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.
Санаи 5 январ дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Ҳамшаҳриёни азиз!
Санаи 30.12.2023 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.














