Санаи 26.01.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, дастуру супоришҳое ки дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардиданд ва назорати таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардидаанд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.






Санаи 24.01.2024 дар толори кохи Фарҳанги шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” вохӯрӣ бо сокинон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 24.01.2024 дар толори Маркази саломатии шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-ифодагари ормонҳои сокинони кишвар” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Санаи 20.01.2024 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.














