Имрӯз, 15.02.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр тибқи нақшаи муштараки баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023, ки аз 9-уми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Темиров Комронбек устоди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раҳимзода Моҳира – котиби масъули нашрияи “Сухани халқ”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аъзам Ҳотамӣ котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Солиҷонов Нодирҷон, собиқадори ҳизбию давлатӣ ва Ҷамолиён Муслимахон расии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.






Санаи 14.02.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати шаҳраки Консой аз ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дидан намуд.
Имрӯз, 14.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи ҶМТКДММ “Апрелевка” доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо кормандон вохӯрӣ багузор карда шуд.
Санаи 12-уми феврали соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 1, 2, 12, 13 бо иштироки директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон", мушовири ҳарбӣ-варзишии шуъбаи маориф ва сармутахассиси ТҶММ вилояти Суғд ботантана ташкил ва гузаронида шуд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.













