12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.






Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.
Санаи 10.01.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Санаи 6 январи соли 2024 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.














