Матни равон

Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Санаи 02.04.2024 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фестивали мазкур оғоз гардид. Дар оғози Фестивал Фаридуншоҳ Абдуллоев намояндаи МИҲД-и шаҳр, Насим Мамадҷонов мудири бахши фарҳанги шаҳр, Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр,  Лутфӣ Мамадҷонова сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил", Замира Исматова мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Биомина Мирзоева директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои насли имрӯза озмунҳо ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани маънавияти хурдсолон то калонсолон роҳандозӣ шуда истодааст. Ин аз як тараф мардумро ба китобхонию ғизои маънавӣ гирифтан водор месозад. Ниёгони мо аз қадим то ба имрӯз китобхон буду китобхон мемонад, зеро китоб дӯсти беҳтарини инсон аст.

Муҳимтарин вазифаи фестивал - арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад.

Сипас аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона шеъру суруд, гуфторҳо доир ба китобу гиромидошти он қироат карда шуд. Ҳамчунин, саҳнаҳои тарбиявӣ ва суруду рақс дар иҷрои хонандагон пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Фестивал давоми як ҳафта идома ёфта, фаъолон дар рӯзи ҷамъбасти Фестивал қадрдонӣ карда мешаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:206
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5669
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87639
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7729559

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?