Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории иншоотҳои маишиву хизматӣ ва тозаву озода намудани ҷуйборҳо аз ҳаргуна партовҳо санаи 10 феврали соли 2024, дар маркази шаҳр аксияи тозагии маҳал ташкил ва гузаронида шуд.
Дар аксияи тозагии маҳал кормандони клрхонавк муассисаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Дар раванди баргузории аксияи тозагии маҳал аз гирду атрофи иншоотҳои варзишӣ, шафати биноҳои муассисаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷуйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки баргузории аксияи тозагии маҳал имкон медиҳад, ки ҳусну таровати хиёбонҳои ҷамоати шазрак дилработар гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинон имконият фароҳам меорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид
- ВОХӮРИИ МУФИД БО ҶАВОНОН ДОИР БА ОГОҲСОЗИИ ҶАВОНОН АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ-ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ, КОРРУПСИЯ, ИНТИХОБИ КАСБ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
- ГУЛИСТОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД






Санаи 10.02.2024 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.
Санаи 08.02.2024 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 45025 – и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” бо иштироки ҳайати таблиғоти Шӯрои вилоятиву шаҳрии Ҳаракат бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 03.02.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳраки Консой ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабилӣ ҷиноятсодиркунӣ ва риоя Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо хонандагони муассиса вохӯрӣ баргузор карда шуд.














