Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Сарбозону афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, 31 сол сипарӣ гардид.
Ба муносибати ин санаи фархунда афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳаро самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори босаодат ва дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷасорату матонати қавӣ таманно менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.
Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.






Имрӯз, 22.02.2024 тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳр рӯзия ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони "Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост" баргузор гардид.
Санаи 20.02.2024, дар муассисаи таълимии №1-и маркази шаҳр доир ба огоҳсози аз падидаҳои номатлуб экстремизм-терроризм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, интихоби касб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо иштироки волидайн вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 21.02.2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Гулистон "Дар бораи тайёр намудан ва гузаронидани тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон" тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуӣ "Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Гулистон ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ" дар шаҳр баргузор гардид.
Санаи 16.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссия таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода баргузор гардид. Дар ҷаласкаи мазкур мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шералӣ Раҳмонов, сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Раҳимзода Ғ.Ғ., нозири калони ШБДА-и шаҳр Эсозода Ҷ.А., раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони хатсайрҳои №40, №101, №66, №45 ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.













