Бозорро оинаи шаҳр мегӯянд. Маҳсули меҳнати соҳибкорони хурду миёна маҳз дар ҳамин ҷо манзури харидор мешавад. Меҳнати соҳибкор ба рушди иқтисодии давлат мусоидат ва таъсир мерасонад. Фаъолияти «Бозори Қайроққум» бо таври том талаботи аҳолиро қонеъ карда наметавонист.
Бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба хотири аз миён бардоштани савдои сари роҳу кӯчагӣ, муҳайёсозии шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, тозаю озода, ободу зебо ва муҳайё кардани шароит мусоид бозори хусусии Аваз Бобоназаров ба худ макоми «Бозори марказӣ»-ро соҳиб шуд.






Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 20 майи соли равон дар толори варзишии «Истиқлол» бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳо озмуни шаҳрии «Падар, модар ва ман аз оилаи варзишгар»-ро гузаронид.
Панҷшанбеи гузашта Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» дар қаламрави шаҳр гузаронида шуд.
20 май дар Кохи Истиқлол мулоқоти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо ҷавонон баргузор шуд. Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, атрофи масъалаҳои шароити мусоид фароҳам овардан баҳри нерӯ ва заковати ҷавонмардони онҳо бо ҳадафи сарҷамъии миллату ободии Ватан, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ дорад ҳарф зад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша дастгиру ҳимоятгари сиёсати дурнамои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» буда ҳамаи пешниҳоду иқдомҳои наву созандаи онҳоро ҷонибдорӣ хоҳад кард, -таъкид дошт Раиси шаҳр.















