АДРАСМОН
Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон, дар яке аз мавзеъҳои басо дилкашу ҷолиб ва афсонавӣ осоишгоҳи муосири ҳамном «Адрасмон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шароит фароҳам овард, ки 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.
Осоишгоҳи «Адрасмон» бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Мамлакат Ғафурова ва Бахтиёр Ҷӯраев мавриди истифода қарор гирифта, қаблан 12 нафар сокинон аз оилаҳои камбизоат ба табобату истироҳат фаро гирифта шуданд. Табобатгирандагон бархӯрдор аз тамоми шароитҳои истироҳативу фароғатӣ мебошанд.






Қарори Раиси шаҳри Қайроққум таҳти № 148, аз 19 июни соли 2015 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Оилаи намунавии соли 2015» ба тасвиб расид. Даври аввали озмун моҳҳои август-октябри соли ҷорӣ дар шаҳракҳо ва ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин раванд идрорпулиҳо, роҳхат ба таҳсил дар макотиби олӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил, қитъаи замин муқаррар шуда, сол то сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда меафзояд.















