Дар доираи эълон гардидани соли 2015 ҳамчун «Соли рушди Фарҳанг» дар назди Қасри Фарҳанги шаҳри Истиқлол консерти хайриявии яке аз истеъдодҳои намоёни ҷавон Ашурматов Аскар баргузор гашт.
Дар чорабинии оммавии фарҳангӣ зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок доштанд. Барномаи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани муносибати ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ва рушди дӯстиву ҳамкорӣ, муттаҳид намудани ҷавонон гирди иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои Роҳбари давлат, шукронаи фазои сулҳу салоҳ ва хизмат ба Ватану миллат доир гашт.






Бо ибтикори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр хиёбони «Меҳри Модар» бунёд мегардад. Ҳудуди боғ 5 ҳазор метри мураббаъ буда дар он тибқи лоиҳа фаввораҳои ранга, шаршара, саҳна барои чорабинӣ ва нуқтаҳои фурӯши яхмосу нӯшобаҳои ташнашикан сохта мешаванд.
Норасоии йод дар намак боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар натиҷаи норасоии йод пайдоиши бемориҳои паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва амсоли инҳо аз эҳтимол дур нест.














