Матни равон

Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Ғамгусор» 50 нафар оилаҳои ниёзманд бо маводи сӯзишворӣ таъмин гардиданд.

Ҳифзи меҳнат дар мадди аввал3-юми декабр дар Кохи Истиқлол семинар - машварати дастурдиҳии муштараки шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли  аҳолии шаҳри  Қайроққум  ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи   вилояти   Суғд   оид ба созишномаҳои  коллективӣ, ҳифзи  меҳнат ва  шуғли  аҳолӣ бо раисони кумитаи иттифоқҳои касаба, сардорони шуъбаи кадрҳо баргузор гардид. Ҳадафи семинар – машваратӣ дастурдиҳӣ ба таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Қонунҳои Кодекси меҳнат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷойи кор ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон, нигаронида шуда буд.

Дар бораи «Шаклҳои нави пешниҳоди ҳисоботҳои шуғли аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, созишномаи коллективӣ ва ҳифзи меҳнат» сардори Шӯъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қайроққум Ғолибҷон Юлдошев баромад кард.

«Мо ҳаёти солимро интихоб менамоем!»Дар Кохи Истиқлоли маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВМНО (СПИД) чорабинӣ таҳти унвони «Мо ҳаёти солимро интихоб менамоем» доир гардид. Дар оғоз дастпарварони мактаби варзишии наврасони шаҳр аз рӯи намуди тэквандо ва гӯштингирӣ ҳунарҳои андӯхтаи худро намоиш доданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум Илҳом Мадализода доир ба тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, ҳушдор дод, ки ҳар фард бояд тандурустии хешро ҳифзу эмин нигаҳ дорад, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.

Дар ноҳияи Ғончӣ бо ширкати  наздик 20 нафар кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд озмуни «Китобдори беҳтарини сол - 2015» баргузор гардид.

Озмун аз рӯи панҷ шарт ҷараён гирифта, ширкаткунандагон малакаи  касбаи худро ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати  рисолати китобдорӣ ба ҳакамот нишон доданд.

«Народная газета», 25 ноября 2015 года, №47.

Рӯзномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» 90 - сола шуд. Ба ин муносибат шумораи идона аз чоп баромад. Аксарияти кормандни рӯзномаю маҷаллаҳои манотиқи кишвар ба ин санаи фархунда аҳли қалами рӯзномаро таҳният намудаанд. Зери унвонии дар боло зикрёфта шодбошии аҳли эҷоди нашрияи «Соҳил»-и шаҳри Қайроққум, ки ирсол гардида буд, дар шумораи ҷашнӣ низ рӯи чоп омадааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:999
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2130
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:999
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22167
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:23166
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:133760
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9968656

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?