Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳр ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ҷамоати шаҳраки Навгарзан сафарикорӣ анҷом дод.
Раиси шаҳр дар ҷараёни сафараш нахуст ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 омада, аз вазъи таълиму тарбия, шароити кории омӯзгорону таҳсили муҳассилин ошно гашт. Бояд зикр кард, ки мактаби мазкур аз лиҳози тарҳи лоиҳа нодиртарин маҳсуб ёфта, бо тамоми талаботҳои зарурӣ ҳанӯз ним аср қабл бунёд ёфтааст ва албатта, имрӯз ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳайати омӯзгорон дастуру супоришҳои Раиси шаҳрро ҷиҳати мувофиқ ба талаботи рӯз-дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тадриси хонандагон ва ахлоқи ҳамида самимона пазируфтанд.






Аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҷлил гардида истодааст. Ба ин муносибат дар Кохи Истиқлол таҳти «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…» чорабинӣ доир шуд.
2 апрели соли равон дар шаҳри Қайроққум Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки беш аз 20 нафар ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту меҳанпарвар ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир шуданд.















