Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ҷамъомади ботантана бахшида ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.
Ҷамъомади ботантана бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ ёфта, дар ибтидо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифулло Аҳмадзода гулистониёнро аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ шодбош намуда, табрикоти Раиси вилоятро манзури ҳозирин намуд. Сипас Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.






Ҳамшаҳриёни азиз!
Бахшида ба бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва эълон гаридани соли 2017-Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент бо саварони корхонаҳо, роҳбарони ташкилот ва идораву бахшҳо сурат гирифт.
Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳрак доир гардид.















