Бо мақсади дастгирӣ ва пуштибонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва фарогирии хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисор вохўрии васеи волидайни хонандагон бо кормандони ширкати дўзандагии «Асри тиллоӣ» доир гашт.
Намояндагони ширкати мазкур намунаи либосҳои омодакардаи хешро ба маърази тамошо гузошта, аз волидайн дархосту фармоиш гирифтанд. Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки МТМУ №10 яке аз аввалин шуда, хонандагонро бо либоси ягонаи мактабӣ пурра таъмин намуд.






Бо дастгирии кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ «ШКСХТ» беш аз 70 нафар хонандагон аз МТМУ № 6,10,15 шаҳраки Зарнисор таътили тобистонаи худро дар лагери тобистонаи «Уқобак»-и шаҳри Истиқлол гузарониданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 6-уми июл нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо иштироки ҷомеаи меҳнатии Қисми Мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷаласа доир гардид.















