22-юми май кулли бошандагони шаҳри Гулистон чун дигар мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлатдориву самари замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдати комил ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – Рўзи раъйпурсии умумихалқӣ баҳри бунёди воқеан ҳам ҷомеаи демокративу ҳуқуқӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа муташаккилона ширкат варзиданд.
Аз чеҳраҳои болидаи шаҳрвандон возеҳ буд, ки ҳама ҷонибдори инкишофи бемайлони дастовардҳои демократӣ, вазъи комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мутамаддин ҳастанд.






19-уми май дар “Кохи Истиқлол” озмуни шаҳрии “Шукуфаҳои Истиқлол” ба истиқболи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар доираи чорабиниҳои идона ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ доир гардид.
Дар муассисаи таълимии №10 бо иштироки толибилмон, аҳли зиё ва бошандагони шаҳрак маҳфили фарҳангии дўстдорони каломи бадеъ бо унвони «Лоиқи имрўзу фардо» баргузор гардид.















