Дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тасдиқ гардид.
Арбоби ҳунари Тоҷикистон, сардори галереяи “Сомониён”, раиси комиссияи озмуни рамзи шаҳр Ғафурҷон Ҷўраев дар баромади худ доир ба мақсад ва ҳадафҳои озмун, ҳамзамон тавзеҳи тарҳи нави он суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қарори Раиси шаҳр бо мақсади тайёр кардани Рамзи расмии шаҳри Гулистон, муаррифии шаҳр ҳамчун шаҳри саноативу истироҳатӣ, шинохти он ба сифати маркази фароғатӣ ва сайёҳиву туризми байналхалқӣ ва ба сифати як минтақаи ободу мутарақии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши сокинони шаҳр дар рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояту ҷумҳурӣ, тарбияи худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ озмуни лоиҳаи «Рамзи шаҳр» эълон гардида буд.






Дар майдони Боғи истироҳатӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни «Оши палави Гулистон» доир гардид.
Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оваданд.
Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамватанони азиз!














