Ҷиҳати амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 оид ба ҳадафи густариши варзиш ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим «Дар бораи эълон намудани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» дар шаҳраки Зарнисор тадбирҳои зиёде роҳандоз ӣ мешавад.
-Шанбеи чоруми ҳар моҳ бошандагони шаҳрак ба майдончаҳои варзишӣ баромада аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни ҳам қувва меозмоянд. Хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 10, 6, 15 ва кормандони Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой аз фаъолони мусобиқаҳои варзишӣ ҳастанд, - аснои суҳбат иброз дошт, раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова.