Матни равон

Рузи 15-уми октябри соли равон дар Боғи «24-солагии Истиқлолият»-и маркази шаҳр Иди Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар ин рӯзи иди кишварзон муассисаҳои таълимии № 1, 8, 14 ва гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров намоиши маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошои сокинон гузошта, дастпарварони мактаби рассомии шаҳр байни худ озмуни раскаши дар мавзуи «Тирмоҳи зарнигор» ташкил намуда, деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибкорони маркази шаҳр ва шаҳраки Адрасмон фурўши маҳсулоти кишоварзи ба роҳ монда, ҷомеаҳои меҳнатии МГД Коллеҷи тибби, муассисаи варзишӣ, шабакаҳои барқи Гулистон ва МТМУ № 14 оши хайриви ба кишри эхтиёҷманди аҳоли дода, озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир» гузаронида шуданд. Ҳамзамон, варзишгарони гулистони мусобиқаи намуди варзиши миллии гуштингириро намоиш доданд.

Сатториён Матлубахон Амонзода – Раиси шаҳри Гулистон ҳозиринро бо Иди Меҳргон таҳният гуфта, таъкид сохт, ки «Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукуҳманди хосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон тачлил мекарданд.

Баъди Меҳргон бо омадани фасли зимистон фуруравии сол ба вуқуъ мепайваст ва ҷашнҳои хошиявии Дайгону Шаби Ялдо ва Сада аз паси сар кардани фосилаҳои мавсими, омодаги аз фарорасии ҷашни Навруз мужда медоданд. Ба ин маъни, ҷашнҳои Наврузу Меҳргон бо хам робитаи узви доранд. Хар ду дар ду таодул – баҳори ва тирамоҳи ҷашн гирифта мешаванд. Аввали ба эҳё ва растохези табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ ва дуюми ба маъракаи ҳосилғундорию хирманкуби мансубанд. Меҳргон аслан ҷашни кишоварзон буда, дар он деҳқон ҳамчун пири корҳои кишоварзи мавқеи калиди ва меҳвари дорад.

Меҳргон иди ҳосил аст ва дар байни сокинони мухталифи дунё ба гунае ҷашн гирифта мешавад. Мардуми Точикистон низ аз замони Зардушт то имруз ин ҷашнро ҷашн мегиранд. Махсусан, деҳқонони гулдасти диёри зебоманзарамон низ дар аввали баҳор бо чи қадар умеду орзу дона пошида буданд, дар ин айёми тиллои, яъне дар тирамоҳи зарринсор ҳосили фаровони хешро меғундоранд ва ризқу рузии мардуми кишварамонро таъмин мекунанду аз додаи Худованд шукр мегуянд ва ин идро бо хотири болида дар Ватани озоду обод таҷлил мекунанд».

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини «Меҳргон иди меҳр аст»-ро манзури сокинон ва меҳмонони сершумор намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:746
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4166
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20270
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22265
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:30926
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8624507

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?