16 августи соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, масъулини сохторҳо, раёсату шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ таҳти раёсати Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода роҷеъ ба тадбирҳои иҷрогардида ва нақшаи чорабиниҳои идона гузориш дод.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба тадбиқи нақшаву барномаҳои вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон, пеш аз ҳама густариши корҳои ободкориву созандагӣ, чароғонкунии кўчаҳо, овехтани шиору овезаҳои босифат, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва тайёрии хуб ба сафороии ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷалб намуд.






Хайру садақот ва таваҷҷуҳ бар ятимону бепарасторон амали неку кори савоб аст. Ин аст, ки нафарони хайрхоҳу саховатманд барои ба даст овардани дуои ашхоси ниёзманд талош мекунанд. Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар арафаи омодагӣ ба соли нави хониш ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба қадри имкон шахсони хайрхоҳу саховатманд ба табақаҳои нодор дасти мадад дароз мекунанд.
9-уми август дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинар-машварати дастурдиҳии Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.














