Рузи 15-уми октябри соли равон дар Боғи «24-солагии Истиқлолият»-и маркази шаҳр Иди Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар ин рӯзи иди кишварзон муассисаҳои таълимии № 1, 8, 14 ва гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров намоиши маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошои сокинон гузошта, дастпарварони мактаби рассомии шаҳр байни худ озмуни раскаши дар мавзуи «Тирмоҳи зарнигор» ташкил намуда, деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибкорони маркази шаҳр ва шаҳраки Адрасмон фурўши маҳсулоти кишоварзи ба роҳ монда, ҷомеаҳои меҳнатии МГД Коллеҷи тибби, муассисаи варзишӣ, шабакаҳои барқи Гулистон ва МТМУ № 14 оши хайриви ба кишри эхтиёҷманди аҳоли дода, озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир» гузаронида шуданд. Ҳамзамон, варзишгарони гулистони мусобиқаи намуди варзиши миллии гуштингириро намоиш доданд.






Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол” давраи шаҳрии Фестивали «Атласу адраси Суғд-2017» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, бонувону гулдухтарони касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
Санаи 14 октябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.














