Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу зиё Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.






Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.
25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.















