Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20-уми июли соли равон нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуоти намояндагони беш аз 27 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр ширкат варзиданд.
Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли равон иттилоот дод. Қайд гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар нимсола ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.






Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии шаҳр баргузор гардид.
Дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳрбахшида ба 80-солагии Шаҳрвандии фахрии Гулистон, табиби соҳибтаҷриба Абдурасул Бобоев ҷамъомади ботантана доир гардид.
Дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
















