17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.






17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.
17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд-пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.















