20.08.2018, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.
Мусулмонони кишвари мо, ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ба дини мубини ислом ва суннатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.
18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд.















