3 июл дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.






29 июн дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд.
Гулистониён 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шаҳраки Зарнисор бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорону фаъолони шаҳр ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.














