Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.
Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.
Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» машварати августии маорифчиёни шаҳр таҳти унвони «Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар толори Шабакаҳои барқи Суғд бо иштироки кормандони ҷомеаи меҳнатӣ Нерӯгоҳи барқи обӣ ва Шабакаҳои барқ мулоқоти судманд доир ба пешгирии падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм доир гардид.
24 август дар Маркази ҳамоишҳои «Аваза» дар шаҳри Туркменбошӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.













