20 июни соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон як қатор майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин рӯз дар назди биноҳои баландошёнаи кӯчаи Истиқлол ва кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Гулистон се майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид. Майдончаҳои варзишӣ бо ташаббуси ҶСК «Қолинҳои Гулистон», Корхонаи фаръии коммуналии манзилии шаҳр, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон – 1» ва Корхонаи муштараки «Апрелевка» бунёд гардидааст.






Субҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.
Нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.















