Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд.
Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар замин сохта хоҳад шуд.






Гулистониён 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шаҳраки Зарнисор бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорону фаъолони шаҳр ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.
Шоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд ифтитоҳ намуданд.















