19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Лоиҳаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта шуда, дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.






Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.
Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.
Дар асри XXI ки ҳамагон онро асри илму техника ном мебаранд, дунёи муосир бо тарзи густурда пеш меравад. Дар ин миён давлатҳои мутараққӣ аз воситаҳои гуногун истифода намуда бо суръати бештар ба муваффақият ва комёбӣ ноил мегарданд.














