Баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон деҳаи Гулдара, ки шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир мебошад, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ гардид.
Бояд қайд намуд, ки муассисаи мазкур дар деҳаи Гулдараи ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷойгир буда, аз шафати муассисаи мазкур рӯди Тариконсой мегузарад, ки қариб ҳамасола дар натиҷаи омадани селҳои мавсимӣ ба муассисаи мазкур хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ба сохтмони Мактаби Президентӣ санги асос гузоштанд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба ятимону бепарасторон туҳфаҳо тақдим намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд






22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.
Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2020, № 102 “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.














