Матни равон

Шукри Истиқлолу Сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем,

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст,  ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваства 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба ҳисоб меравад.

Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робитаи бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.

Ҳоло, ки Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллии худ мебошад.

Истиқлолият! Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро, ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Инчунин, даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму  талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеӣ миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон обод шуд. Дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллиро таъсис дода, Ватани худро дар зери назорат гирифтем.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ аст. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таъкими Истиқлолият устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаи охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири ва равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии мо метавонем, Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу суббот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Самараи неки Истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ ва сулҳпарвар шинохта шудааст. Оре, Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешрафти тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии мамлакатро фурӯ нишон дода, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад.

Дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон дастовардҳои зиёдеро ба даст овардааст. Инчунин, мардуми мо ҳама гуна мушкилотро паси сар карда, ҳамеша ба сӯи пешрафти Ватан, ободию тараққиёт кӯшиш менамояд.

Мо, маорифчиёни шаҳраки Адрасмон ба ин ғамҳориҳои падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатии худро муқаддас шуморида, Ватани худро аз ҳар гуна офатҳо ҳифз менамоем ва барои Ватани худ, халқи худ софдилона хизмат менамоем. Тамоми кӯшишу маҳорати худро баҳри тарбияи насли ҷавон, яъне созандагони ҷомеаи навин сарф менамоем.

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон!

Муборак Давлатова,

омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №7 шаҳри Гулистон шаҳраки Адрасмон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:391
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3923
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15488
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44047
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7776437

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?