Матни равон

Санаи 27 апрели соли 2021 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Баргузории чорабинии мазкур дар асоси дастури Ҳукумати кишвар, тибқи нақшаи пешбининамудаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ҷиҳати ба шуғл таъмин намудани сокинони бешуғли шаҳр, бахусус занону духтарон роҳандозӣ гардид.

Тибқи иттиллои сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Маҳфузахон Сатторова, вазъи бозори меҳнат дар шаҳр омӯхтаву таҳлилу баррасӣ гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.  М.Сатторова зикр дошт, ки  ба ярмарка шумораи ҷойҳои корӣ бисёртар ба қайдгирифта  шуданд, ки шумораи онҳо ба 131 адад расида, аз тарафи 12  корхонаҳои саноатии шаҳр дар мисоли ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тољикистону Хитой”, соҳаи тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ  ба 12 нафар роҳҳат ба кор дода шуд, ки тавассути ин чорабинӣ он корҷӯяндагоне, ки муроҷиат намуданд, мувофики завқашон ба ҷои кори писандидаашон роҳхат гирифтанд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Истиқлолу Ваҳдат поянда бод” ва “Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем” вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати таблиғотчиёни Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Амнҷон Шарифзода муовини якуми раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд, Саидбой Зокиров раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд, тарғиботчиёни маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳрак ва омӯзгорону хонандагони МТМУ №2-и ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.

Вохӯриро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз бахшида меҳмононро ба ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон хуш омадед гуфт. Доир ба мавзӯъҳои зикргардида  Амнҷон Шарифзода, Саидбой Зокиров, Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Фаридуншоҳ Абдуллоев маърӯза намуданд.

Имрӯз Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Сирдарё боздид ба амал овард.

Дар ибтидо Раиси шаҳр аз нуқтаҳои сӯзишвории шафати роҳи асосии ҳудуди шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр ҳамагӣ 8 нуқтаҳои хизматрасонии сӯзишворӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, ба масъулини марказҳои фурӯши сӯзишворӣ доир ба саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва рангубори атроф супоришҳо дод.

Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё бунёди 19 иншооти ҷашнӣ ба қайд гирифта шуда, 14-тои он ба истифода дода шудааст ва дар 5 иншооти дигар корҳо бомаром идома доранд. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода баҳри босифат ва саривақт ба иҷро расонидани нақшаи иншооти ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз минтақаи саноатии шаҳри Гулистон боздид ба амал овард. Дар ибтидо аз КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” дидан карда, зимни суҳбат қайд намуд, ки соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, маҳаки асосии рушди саноату иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ геологияти тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Замони соҳибистиқлолӣ, дар партави супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳа фаъолият намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираи канданиҳои фоиданоки гуногун амал мекунанд.

Ҳамчунин аз фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Гранит-1” дидан намуд. Қайд гардид, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 ҶДММ “Гранит-1” мунтазам истеҳсолотро ба роҳ монда, дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,7 фоиз, шумораи коргарон 6 нафар аз соли қаблӣ як нафар зиёдро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур асосан маҳсулотҳои ширеш, грунтовка, гаҷ ва эмулсия истеҳсол менамояд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ва тағирёбии иқлим ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Сардори давлат дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:284
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15314
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20249
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11594
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8756321

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?