Матни равон

Тибқи нақша дар 43 ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву идораҳои шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Парчами давлатӣ баёнгарӣ озодӣ ва соҳибистиқлолӣ аст!” баргузор гардид.

Дар баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Файзулло Муҳиддинов, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Мавлуда Шарифзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадори меҳнат ва Бобоев Абдуазиз дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок намуданд.

Аз ҷумла, дар бахши фарҳанги шаҳр ва коллеҷи тиббии шаҳр тарғиботчиёни вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.

Дирафши Ковиёнӣ, ки бо номҳои Дирафши Ковиён, Алами Фаредун, Ахтари Ковиёнӣ низ маъруф буд, дирафши таърихии мардуми тоҷику форс аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён ба ҳисоб рафта, ба ишораи муаррихон, як миллион сиккаи тилло арзиш дошт.

Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон парчами шӯравиро  бо андаке дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгӯша ва досу болға) истифода менамуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳам-замон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Парчами мо дорои се ранг - сурх, сафед, сабз мебошад ва ҳар як ранг ва нишонаш мазмуни баланд дорад. Ранги сурх мубориза ва ҷоннисориҳои халқро баҳри озодӣ ва истиқлолият нишон медиҳад. Махсусияти ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, шири поки модар, виҷдону дили пок, имони комил ва беғуборӣ, рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост.  Ин ранг ҳамчунин бахту иқболи сафед ва покии виҷдонро ифода мекунад.

Ранги сабз саъю кӯшиши сокинони кишвар барои сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро мефаҳмонад. Он чун рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ ва зебоӣ мебошад.

Ранги сурх рамзи дониш, таърих, фатҳу нусрат, субҳи дилоро, ифтихор, сурхрӯӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ранг ифодагари рамзи парчами Коваи оҳангар низ мебошад, ки аз чарми сурх буд. Нишони тоҷи  заррини мобайнӣ соҳибистиқлолӣ, тоҷдорӣ ва доштани тамаддуни бойи илмиву фарҳангӣ ва куҳанбунёдии миллатро таҷассум менамояд. Рӯи ранги сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда,  ба шарофати партави Парчам мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек  гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчам, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мо аст, дар замири худ мепарастанд.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2654
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4379
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15792
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28214
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36607
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:112085
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4683771

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?