Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.
Таъкид шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни воқеан муқаддасу бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз бунёду азнавсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расидааст, ки 91,9 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
- Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон






12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.
12 июн дар рӯзи дуюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи июн Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук таҷлил карда мешавад. Бо самимияти афзун кормандони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаи саноати сабуки шаҳрро бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.















