15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ — мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимии ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди мактаби мазкур мушкилоти бошандагони атрофи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҳал гардида, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия замина мегузорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли ғалла — ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд






15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.
Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба маълумоти сокинони шаҳри Гулистон мерасонад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 19.06.2021 соати 10:00 дар бинои хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳои Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Зарифӣ Д.Н. қабули шахсии сайёри шаҳрвандони шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он гузаронида мешавад.















