12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар гузашта бинои Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд вайрону валангор буд.
Бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд бунёд гардида, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
- Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд






12 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Нимаи дуюми рӯзи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ, ба анҷом расид.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, бо таҷрибаи хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.















