Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,
Хабари таркишҳои фоҷеабор дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боиси андӯҳи мо гардид.
Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеаи фавқулодда бирасонед. Барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуданд






Бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон тавассути матбуот, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ корвони иттилооти журналистон таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо”-ро дар ҳайати беш аз 30 нафар аз телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ ҷалб намуда, тибқи нақша рӯзҳои 27-29 августи соли ҷорӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид намуданд.
Дирӯз бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Дар хоҷагии мазкур 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан ангури навъҳои «шоҳона», «ҳусайнӣ», «ғалаба», «кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд.












