Матни равон

24 ноябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода иштирокдорони ҷамъомад ва кулли сокинони шаҳрро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва бузургдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Ишора ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ намуда, онро ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ номид. Қайд карда шуд, ки бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Парчами кишвар бо баландии 165 метр барафрохта шуд.

Моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Гулистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 50 метр, дарозии  матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метр парафшон гардид.

Барои тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии ҳамватанон ин тадбир аҳамияти зиёди тарбиявию ахлоқӣ дорад.

Парчам барои мо чун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф гардида, нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Сипас, аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Муқим Давлат-сардори Раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба самъӣ иштирокдорони чорабини расонида шуд.

Чорабини бо баромадҳои зебову рангини аҳли фарҳанги шаҳр ва барномаи пурмазмуни консертӣ хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2459
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4379
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15597
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28214
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36412
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:112085
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4683576

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?